ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/8- ниҳоиро тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023-ро тасдиқ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Чаҳор бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – «Истиқлол» – КМВА, «Файзканд» – «Саройкамар», «Парвоз» – «Хатлон» ва «Ҳосилот» – «Барқчӣ» 29 июл баргузор мешаванд.
Чаҳор бозии дигари даври 1/8-ниҳоии мусобиқот- «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер» – «Эсхата», «Моҳир» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Равшан» 30 июл баргузор мегарданд.
Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 аз якбозигӣ иборат буда, дар майдони дастае, ки дар ҷуфт зинаи якумро касб намудааст, баргузор мешаванд. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии вохӯрӣ ду қисми иловагӣ иборат аз 15-дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА барандаи ҷом аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум мегардад.
Ҷоми Тоҷикистон-2023
1/8- ниҳоӣ
29 июл (шанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Истиқлол» – КМВА
«Файзканд» – «Саройкамар»
«Парвоз» – «Хатлон»
«Ҳосилот» – «Барқчӣ»
30 июл (якшанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»
«Панҷшер» – «Эсхата»
«Моҳир» – «Истаравшан»
«Кӯктош» – «Равшан»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






