«ОЗМУНИ ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Июль 27, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии «Озмуни дастархонороӣ» баргузор гардид.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмун- дар амал татбиқ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 буда, имконият фароҳам меорад, ки бо истифода аз сарфакорона ва моҳирона (ҳунармандона) оростан сифати дастархон дар тӯю маъракаҳо беҳтар ва хоксорона гардад.

Зимнан, чунин озмунҳо ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Дар озмун нафароне, ки дар сатҳи ноҳиявӣ, аз ҷумла дар озмунҳои ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ ҷойи якумро ишғол намуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати ҳакамон аз дастархони омоданамудаи довталабон дидан намуда, бо дарназардошти тарзи истифодаи сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани он, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат намудани дастархони оросташуда ба он баҳо гузоштанд. Баъдан ғолибони озмун муайян карда шуданд.

Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла ҷойҳои якум- 5000 сомонӣ, дуюм- 3000 сомонӣ ва сеюм- 1500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Инчунин барои иштироки фаъолона дар озмун довталабе, ки ҷойҳои намоёнро ишғол накард, бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Ғолиби ҷойи якум барои иштирок дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниҳод мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июль 27, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад