Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ чор медал гирифтанд
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ варзишгарони навраси тоҷик чор медал, аз ҷумла ду тилло ва ду биринҷӣ гирифтанд. Чемпионати мазкур аз 12 то 20 июли соли равон дар шаҳри Аммони давлати Урдун байни варзишгарони то 15-сола ва то 20-сола баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки медалҳои тиллоро дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Дамир Отаев дар вазни 44 кг ва Алишер Рӯзимадов дар вазни то 75 кг ба даст оварданд. Амирҷон Обидов дар вазни 52 кг ва Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 57 кг сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Мусобиқа барои дигар аъзои мунтахаби Тоҷикистон — Мурод Мунимӣ (вазни 41кг), Маҳдӣ Баротов (48 кг) Алиҷон Мирғиёсзода (62 кг) ва Ғаниҷони Шероз (68кг) анҷом ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






