Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бо ятимони кулл мулоқот намуданд

Июль 5, 2023 10:24

ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Корхонаи металлургии мисгудозӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент бо 100 ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Дар мулоқоти имрӯза ба ятимон дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, маҷмӯи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат беҳтару хубтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат, илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

Ятимони кулл аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар як кишвари ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.

Дар ҷавоб ба ҳама ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.
Мулоқот бо ятимони кулл дар шаҳри Панҷакент 05.07.2023

Июль 5, 2023 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд