Раъду барқи шадид дар сарҳади Фаронса ва Швейтсария бо харобиҳои назаррас ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари раъду барқ, ки аз минтақаҳои сарҳадии Фаронса ва Швейтсария гузаштанд, як нафар ҳалок ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews хабар медиҳад.
Раъду барқи шадид дар минтақаи Юра (Швейтсария) бо харобиҳои зиёд анҷом ёфт. Дар шаҳри Ла-Шо-де-Фонд дар кантони Нойшател як нафар ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи полис, сабаби марг афтидани крани сохтмонӣ будааст. Даҳҳо нафар осебдидагон ба хадамоти ёрии таъҷилӣ муроҷиат карданд.
Сардори шуъбаи идоракунӣ Жан Даниэл Жаннере онро «рӯзи сиёҳ дар таърихи Ла Шо-де-Фон» номид. Обуҳавошиносон тахмин намудаанд, ки чӣ метавонад ба чунин харобиҳо оварда расонад. Тибқи иттилои Meteo Suisse, ин ё гирдбод ё тундбод — ҳаракати пурқуввати кӯтоҳмуддат аз поён ба самти ҳаво ҳангоми раъду барқ мебошад.
Дар Фаронса дар минтақаи наздисарҳадии О — Ду ҳангоми гузаштани ин ҷабҳаи тӯфонӣ тақрибан садҳо хонаҳо осеб дида, яке аз онҳо қисман вайрон шудааст. Ба гуфтаи соҳибон, ин ҳодиса дар тӯли якчанд дақиқа рух дод: дар пеши назари онҳо шамол бомро бардошта, бурд ва деворҳо фурӯ рехтанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Euronews








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст






