Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Баҳодур Усмоновро бо мошини сабукрав қадрдонӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмоновро бо мошини сабукрав қадрдонӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Инчунин Баҳодур Усмонов аз ҷониби Федератсияи бокси Тоҷикистон бо 70 ҳазор сомонӣ ва муррабии ӯ Мирзо Шамсиев бо 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд сазовори медали биринҷӣ гардид.
12 май Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз Чинзориг Баатарсух аз Муғулистон бо ҳисоби 1 бар 4 мағлуб шуд.









Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






