Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Баҳодур Усмоновро бо мошини сабукрав қадрдонӣ намуданд

Июль 11, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмоновро бо мошини сабукрав  қадрдонӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Инчунин Баҳодур Усмонов аз ҷониби Федератсияи бокси Тоҷикистон бо 70 ҳазор  сомонӣ ва муррабии ӯ Мирзо Шамсиев бо 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд сазовори медали биринҷӣ гардид.

12 май Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз Чинзориг Баатарсух аз  Муғулистон бо ҳисоби 1 бар 4 мағлуб шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 11, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид