Роҳбари Созмони Милали Муттаҳид даъват менамояд, ки барои бартараф намудани буҳрони «харобиовар»-и қарзӣ иқдом кунанд

Июль 16, 2023 13:14

ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Буҳрони қарзӣ зарурати амалиёти фаврии ислоҳоти низоми молиявии ҷаҳонро таъкид мекунад. Дар ин хусус Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни муаррифии гузориши нави Гурӯҳи СММ оид ба вокуниш ба буҳрони ҷаҳонӣ бо номи «Ҷаҳони қарз» изҳор дошт.

«Нисфи сайёраи мо дар самти рушд ба ҳодисае рӯ ба  рӯ шуда истодааст, ки   бар асари буҳрони шадиди қарз ба вуҷуд омадааст», — баён намуд ӯ бо истинод ба мазмуни аслии гузориш.

Тақрибан 3,3 миллиард нафар- қариб нисфи инсоният дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои пардохти фоизи қарз нисбат ба таҳсил ё тандурустӣ бештар харҷ мекунанд.

Антонио Гутерриш ишора намуд, ки соли 2022 қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 92 триллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид, ки қисми зиёди он ба кишварҳои рӯ ба инкишоф рост меояд.

Ислоҳоти амиқи системаи молиявии ҷаҳонӣ дар як шабонарӯз ба амал нахоҳанд омад,  аммо иқдоми зиёде мавҷуд аст, ки худи ҳозир бояд амалӣ намуд.

«Амал кардан осон нахоҳад буд. Аммо ин муҳим ва фаврӣ мебошад», -иброз дошт Антонио Гутерриш.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 16, 2023 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе