Роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд

Июль 28, 2023 17:54

ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». 

Корҳои навсозӣ дар роҳи мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, пас аз таъмири пурра он имрӯз мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дарозии роҳи мазкур аз кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ 850 метр буда, дар он тамоми аломату ишораҳо, ки бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, гузошта шудаанд. Фармоишгари корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко,  аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» буда, корҳои таъмириро муҳандисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал-Сервис» ба анҷом расониданд.

Тибқи лоиҳа, дар таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко навсозии пиёдароҳҳо, таъмиру навсозии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби гарм, оби нӯшокӣ, хатҳои корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ ва хатҳои алоқа, инчунин навсозии сутун ва чароғҳои равшанидиҳӣ пурра анҷом дода шудааст. Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаи мавриди назар навсозии қитъаи сабзазори роҳ низ анҷом дода шуда, дар он хатҳои обёрӣ ва сохтмони обанбор барои захираи об ҷиҳати системаи обёрӣ низ бунёд шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ амалӣ гардида, зимни корҳо беш аз 20 техникаи роҳсозӣ ҷалб шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз ҳадафҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар солҳои охир- пурра таъмир ва асфалтпӯш намудани тамоми роҳҳои пойтахт — роҳҳои асосӣ ва дохилии он мебошад.  Бунёди роҳи мазкур низ ба беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 28, 2023 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд