Сӯхтори ҷангалҳо дар Туркия бар асари гармои шадид идома дорад

Июль 19, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари гармои давомдор, ки аксари манотиқи кишварро фаро гирифтааст,  охири ҳафта дар вилоятҳои ҷанубӣ ва ғарбии Туркия сӯхтори ҷангалҳо ба амал омад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ додааст, дар ин хусус расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.

Рӯзҳои истироҳатӣ бинобар якбора баланд шудани ҳарорат ва коҳиши намӣ дар вилоятҳои ҷанубии Ҳатай ва Мерсин, инчунин дар вилояти Чанаккале дар шимолу ғарби Туркия сӯхтори ҷангалҳо ба амал омад, хабар додааст агентии нимарасмии «Анадолу».

Сӯхторнишонҳо барои хомӯш кардани оташ ба деҳаи Қизилкечилии Чанаккал ва як деҳаи ҳамсоя фиристода шуданд, хабар додааст агентии иттилоотии маҳаллии Demiroren.

Тавре вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликай ба хабарнигорон гуфт, рӯзи якшанбе дар маҷмуъ 19 сӯхтор рух додааст, ки 16-тои он таҳти назорат гирифта шудааст.

АКС: «Синхуа»

Июль 19, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик