Ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» шарики расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид

Июль 10, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Маросими имзои созишнома имрӯз, 10 июл дар Душанбе баргузор шуда, онро дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон ва директори генералии Намояндагии ширкати ҳавопаймоии Туркия дар Тоҷикистон имзо намуданд.

«Дар доираи ин Созишнома Федератсияи футболи Тоҷикистон шарики боэътимод пайдо мекунад. «Turkish Airlines» яке аз бузургтарин ва маъруфтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон аст. Итминон дорам, ки ҳамкории мо пурсамар хоҳад буд», — таъкид намуд дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар чаҳорчӯби барномаи шарикӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» тасмим гирифтаанд, ки дар якҷоягӣ чорабиниҳои муштараки маркетингӣ, таблиғотӣ ва PR-ро баргузор кунанд.

«Мо шодем, ки шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шудем. Иқдоми бастани шартномаи ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати ширкати ҳавопаймоии мо дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии варзиш аст», — гуфт директори генералии Намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» дар Тоҷикистон.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 10, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд