ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июл, шанбе, 203-юмин рӯзи соли 2023 аст
22 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмуи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намуданд.
***
22 июли соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани якчанд камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
***
22 июли соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои онҳо дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат баррасӣ шуданд.
22 ИЮЛ:
Дар Озарбойҷон- Рӯзи матбуоти миллӣ.
***
Дар Свазиленд- Рӯзи ҷомеа.
РӮЙДОДҲО:
22 июли соли 2021 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли ин Созмон Станислав Зас ба Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Нишони фахрии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дараҷаи I-ро супорид.
***
22 июли соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоя, саноат, кишоварзӣ ва озуқаворӣ баррасӣ шуд.
***
22 июли соли 1989 Шурои Олии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи забон»- ро қабул намуда буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия ва роҳҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм ва саёҳат баррасӣ гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Фаттоҳ Одина – соли 1938- оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






