ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июл, панҷшанбе, 208-умин рӯзи соли 2023 аст
27 июли соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима намуданд.
***
27 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуданд.
27 ИЮЛ:
Дар Ветнам – Рӯзи қурбониёни расидан ба истиқлол.
РӮЙДОДҲО:
27 июли соли 2022 масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Русия дар меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қарор гирифт.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Кароматулло Олимов —соли 1944 -ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






