ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, якшанбе, 211-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 30, 2023 08:00

30 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд кӯдакистони «Меҳросо»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст.

***

30 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.

***

30 июли соли 2021 Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

30 ИЮЛ:

 

Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон.

***

Дар Вануату – Рӯзи истиқлол.

 

РӮЙДОДҲО:

 

30 июли соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

***

 30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шуд.

***

30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид.

***

30 июли соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

***

Соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардиданд.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳабибулло Саидмуродов – соли 1933- олимдоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.

Июль 30, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шуруъ аз 18 феврал сокинони Тоҷикистон 16 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин мегарданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад