Тоҷикистон бахши энергетикаи «сабз»-ро ба манфиати минтақа рушд медиҳад
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, талош дорад, то бахши энергетикаи «сабз»-ро тавассути сохтани силсиланеругоҳҳои гуногунҳаҷм ҳамаҷониба ба нафъи тамоми минтақа рушд диҳад» ва пешниҳод намуданд, ки кишварҳои арабии Халиҷ ва ниҳодҳои молиявии онҳо тавассути сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ саҳми шоиста гузоранд.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи кишварҳои ҳавзаи Халиҷ пешниҳод намуданд, ки Фонди махсус барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар шакли «Осиёи Марказӣ-Халиҷ» таъсис дода шавад.
Дар навбати худ давлатҳои Осиёи Марказӣ имкон доранд ба кишварҳои арабии ҳавза маҳсулоти тару тоза пешниҳод намоянд. Дар ин хусус Пешвои миллат зимни суханронӣ чунин изҳор доштанд: «Ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза бо мақсади содирот ба бозорҳои кишварҳои Халиҷ аз ҷумлаи лоиҳаҳои ояндадори ҳамкории судманди мо хоҳад буд».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳузури сарони давлатҳои пешрафтаи араб самтҳои афзалиятноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро иброз доштанд, ки ин бахшҳои саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва имконияти транзитиву нақлиётии ҷонибҳоро фаро мегиранд.
Хотиррасон менамоем, ки 19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад






