Замони оғози бозиҳои «CAFA Futsal Cup-2023» дар Душанбе тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»-ро, ки аз 23 то 28 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби шаш мамлакати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронида мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
«CAFA Futsal Cup-2023»
Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН
Эрон
Узбекистон
Қирғизистон
Туркманистон
Афғонистон
Даври 1
23 июл (якшанбе)
12:00 Қирғизистон – Афғонистон
15:00 Эрон – Туркманистон
18:00 Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2
24 июл (душанбе)
14:00 Эрон – Қирғизистон
17:00 Узбекистон – Афғонистон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Даври 3
26 июл (чоршанбе)
14:00 Туркманистон – Узбекистон
17:00 Афғонистон – Эрон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Даври 4
28 июл (ҷумъа)
14:00 Эрон – Узбекистон
17:00 Қирғизистон – Туркманистон
20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
30 июл (якшанбе)
14:00 Туркманистон – Афғонистон
17:00 Узбекистон – Қирғизистон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






