4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти иҷро, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мешавад.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мегардад.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир карда мешавад.
Дар Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ соати 15:00 баргузор мегардад.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мешавад.
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мешавад.
Тибқи нақша, вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бо АМИТ «Ховар» мувофиқа мешавад. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04,94-604-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд маълумотро оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 аз сомонаҳои вазорату идораҳо дарёфт намоянд.