Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи давлатдории миллати тоҷик шоҳиди рӯйдодҳои сарнавиштсозест, ки ҳар кадоме дар ташаккули ҳувият ва соҳибихтиёрии мо нақши бориз доранд. Дар ин миён, Ваҳдати миллӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аз муқаддастарин ва бузургтарин дастовардҳои замони Истиқлолӣ ба шумор меравад. Маҳз ин рӯйдоди таърихӣ ҷумҳурии моро аз вартаи парокандагӣ наҷот дода, заминаи устуворро барои рушди устувори иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ фароҳам овард.
— Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо як мафҳуми идеологӣ нест, балки он кафили зинда мондани давлат ва миллат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонати беназири сиёсияшон тавонистанд, ки хоҳишу иродаи халқро муттаҳид созанд.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Мо — тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Ин ҷашни фархунда дар ҷомеаи мо тимсоли сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакат ва масъулияти дастаҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст.
Агар мо ба фарҳанг нигарем мебинам, ки вожаи «ваҳдат» дар он ҷо ба маънои ягонагӣ омадааст. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд якдилу яктан ва якҷо бошем. Вақте, ки ҷамъият муттаҳид аст, вақте ки мо муттаҳид ҳастем, пуртавон ба ҳама амали нек ва шоиста мегардем ва ба пешравиҳо комёб мешавем. Ваҳдат ва ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, рафоқат, интизоми хуб, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ иборат буда, арзиши олӣ доштани ҳаёт ва худи инсонро ифода мекунад. Аз ин ҷост, ки Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи мамлакат мебошад. Ваҳдати миллӣ, истиклолияти давлатии тоҷиконро нигоҳ дошта, барои расидан ба вазифаҳои дар наздаш гузоштаи он мусоидат менамояд.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди ҷомеаи ҷумҳурӣ ҳамчун дастоварди бебаҳо ва неъмати худододӣ буда, нигоҳ доштани он барои мо қарз ва ифтихор аст.
Ваҳдати миллӣ на танҳо натиҷаи истиқлолияти давлатӣ, балки мисли ғояи умумимиллӣ дар қатори мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст. Он чун як омили пешрафти сиёсати давлатӣ монанди қутбнамо дар тафаккури мардуми Точикистон нақши муҳим мебозад.
Дар шароити кунунӣ, ки ин қадар ҷаҳон дар ҳолатҳои ҳассос қарор дорад, ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ дар давлатдории миллӣ муҳимтар аз ҳама гаштааст. Зеро, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ҳар гуна муқовимату низоъро аз байн мебарад.
Маҳз дар сояи ваҳдат сохтори қонунии ҳокимияти давлатӣ барқарор гардида, Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул шуд ва Тоҷикистон ҳамчун субъект ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Имрӯз рушди устувори мамлакат бевосита ба ҳамин суботи сиёсӣ ва амнияти комил, ки маҳсули ваҳдат аст, вобастагӣ дорад.
Ҳеҷ як давлат бидуни сулҳу субот наметавонад ба пешрафти иқтисодӣ даст ёбад. Саҳми Ваҳдати миллӣ дар татбиқи чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии шитобдеҳи мамлакат бениҳоят бузург аст. Бунёди неругоҳҳои бузург, аз ҷумла «Роғун», сохтмони роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, роҳҳои мошингард ва тунелҳо, ки манотиқи мухталифи ҷумҳуриро ба ҳам пайвастанд, маҳз дар шароити осоишта ва ҳамдилии мардум имконпазир гардиданд. Ваҳдат боиси афзоиши эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон шуд.
Ҳамчун роҳбари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки маориф ва илм ҳамеша дар меҳвари сиёсати созандаи Пешвои миллат қарор доранд. Муҳити орому осоиштаи ҷумҳурӣ имкон дод, ки инфрасохтори соҳаи маориф ба куллӣ тағйир ёбад. Садҳо муассисаҳои таълимии муосир бунёд гардида, заминаҳои моддию техникии донишгоҳҳо мустаҳкам карда шуданд.
Имрӯз вазифаи асосии мо — аҳли илму маориф, дар он чиз зоҳир мешавад, ки ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва худшиносиро ба қалби насли ҷавон ҷой кунем. Рушди устувори Тоҷикистон дар замони муосир ба сармояи инсонӣ, яъне ба мутахассисони дорои дониши баланди илмӣ, лаёқати технологӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ вобаста аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани бархӯрдҳои геополитикӣ дар ҷаҳон, ҳифзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад. Ҷавонони мо, ки ояндаи ин давлатанд, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Маҳз муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки насли ҷавонро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муқовимат ба андешаҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ тарбия намоянд. Иттиҳоду ҳамбастагии мо бузургтарин сипар дар баробари ҳар гуна хатарҳои беруна аст.
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи мамлакат таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд.
Баробар ба истиқлоли миллӣ, новобаста ба ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, ташаннуҷ ва ҷангу хунрезӣ тарҳи шеъри худшиносии миллӣ гузошта шуд, ки яке аз бахшҳои муҳими онро тафсири ормонҳои ваҳдатгароӣ ва зарурати таърихии расидан ба ваҳдати миллӣ маҳсуб меёфт, ки Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ дар эҷоди шеъри худшиносиву худогоҳӣ ва дар баробари ин ваҳдатгароиву ваҳдатсароӣ қарор дошт.
Аз аввалин рӯзҳои хуруҷи ҷанги шаҳрвандӣ, хатари парешонии миллат, ки иллате ба ҳастии он дониста мешуд, Лоиқ Шералӣ аз нахустин шоирони мо буд, ки ваҳдатро чун нӯшдорӯи ҷони миллат ва ормони бузурги таърихӣ талқин намуда, аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ даъват менамуд, ки ваҳшату нафратҳоро аз байн бардоранд, чун ягона илоҷи иллати носури миллат ваҳдат буду бас.
Лоиқ Шералӣ ҳамеша дар фикри миллат шудан ва расидан ба ваҳдати миллӣ буд. Аз ин рӯ, ин шоири миллии мо ҳамеша дар ҳасрати ваҳдат ва дар он рӯзгор, ки хатари нобудии миллиӣ таҳдид мекард, дар ғами иллатҳои таҳмилшуда бар сари миллат дарднок мегиристу азият мекашид. Ҳатто яъсу навмедии аз асари ҷанги таҳмилӣ бар вуҷудаш ғалаба карда, гоҳо ӯро ба нишемангоҳе нобоварӣ бар бақои миллат мекашонид:
Гаҳе дар ҳасрати ваҳдат гиристам,
Гаҳ аз хорию аз зиллат гиристам.
Чу донистам, ки тоҷик нест миллат,
Ба иллатҳои ин миллат гиристам.
Дар майдони саҳни Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанае ба муносибати имзои Созишномаи умумии Истиқлори сулҳ ва ризояти миллӣ баргузор гардид, ки устод Лоиқ бегумон аввалин шеъри ваҳдати миллии тоҷиконро сароидаву чун паёми муборакбодӣ барои миллат ва мардуми тоҷик бо камоли масаррат аз ҳузури ин неъмати беназиру бузургу бо номи сулҳ дар маҳзари мубашшири сулҳи тоҷикон- Пешвои миллат бархонд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ ба диёри мо омад,
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Хотифи зиндадорӣ мо омад…
Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате сайю талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми ҷумҳурӣ ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Имрӯз мо ба шарофати пойдории сулҳу субот давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳамияти куллан нав пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯзаи мамлакат бояд ба моҳияти арзишҳо ва ғояҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади худ қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад. Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, рушди илму фарҳанг, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо аз мактаби сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираҳои илмӣ ва фарҳангии давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ таҷриба омӯхта, ба он ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ баҳои баланд медиҳанд.
Аз ин рӯ, арзиши олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ ба ҳам бипайвандад, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони мамлакат аст.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо намудааст.
Самараи неки Ваҳдати миллист аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ваҳдатофар шинохта шудааст. Тӯли 29-соле, ки Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармост, халқ зиндагии осоишта, пурбаракат ва арзандаро соҳиб гаштааст.
Мусаллам аст, ки миллати тоҷик аз ҳамон халқҳоест, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо хиради азалиаш дар барқарорсозӣ ва шукуфоии ватани худ ҷонбозиҳои зиёд карда бо муваффақият ноил гаштааст. Имрӯзҳо низ, натиҷаи заҳмати ватанпарваронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси ваҳдат озодии комили худро ба даст дорад. Яке аз бузургтарин фарзонафарзанди барӯманди тоҷик — Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ худро зери вазнинтарин хатари ҷонӣ гузошта, ба мамлакатҳое, ки умеди бозгашт набуд сафар намуданд, то ки ба гурӯҳҳои мухолифин забон як карда, Тоҷикистони ҷангзадаро соҳибсулҳ гардонанд.
Ваҳдати миллӣ на танҳо заминаи гузашта ва имрӯзи мо, балки роҳи ягонаи устувор ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо масъулияти таърихии ҳар як шаҳрванд, бахусус зиёиён ва аҳли илму маориф мебошад.
Мо — ҳайати профессорию омӯзгории боргоҳи илму маърифат, тамоми кӯшиш ва дониши худро ба он равона мекунем, ки бо тарбияи кадрҳои лаёқатманд ва содиқ ба Ватан, дар рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»








ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Барои мардуми тоҷик аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?






