Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии фасли тобистон бемории мавсимии дарунравӣ (диарея) дар байни дигар бемориҳои кӯдакона бештар мушоҳида мешавад. Ин беморӣ барои соҳаи тандурустии бисёре аз мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон мушкилоти ҷиддиро эҷод мекунад. Мувофиқи нишондодҳои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки синнашон то 5 сола аз дарунравӣ талаф меёбанд.
Омили гирифтор шудан ба бемории дарунравӣ дар чист?
Омили асосии дарунравӣ ин микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст мебошад. Бояд гуфт, ки ғизое, ки истеъмол мекунем, ҷисми моро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин менамояд. Инчунин дар баъзе ҳолатҳо ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот низ метавонад сабабгори пайдо шудани дарунравӣ гардад.
Барои он кӯдакон бештар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки аксари онҳо ба ҷои шири модар ҳар гуна ғизоҳои сунъӣ истеъмол менамоянд. Синамаконӣ имкон медиҳад, ки кӯдакон камтар ба дарунравӣ дучор гарданд. Бинобар ин волидайнро мебояд, ки ҳангоми мушоҳидаи аввалин ҳолати дарунравии кӯдак сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд.
Нишонаҳои бемории дарунравӣ кадомҳоянд?
Нишонаҳои ин беморӣ дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошад. Ранги наҷосат сабзи сиёҳтоб бо парда ва дар бемории исҳоли хунин бошад бо парда ва хун, дар дигар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда наҷосат тез-тез 10-15 маротиба меафзояд. Ҳарорати бадани кӯдак баланд шуда, аз хӯрок хурдан даст мекашад. Инчунин фишори хун паст мешавад, набз тез-тез мезанад. Даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад. Дар вақти мушоҳидаи ин гуна аломатҳо ҳатман доруи регидронро истифода баред ва ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед.
Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан чӣ бояд кард?
Ин беморӣ дар се марҳила мегузарад. Дар марҳилаи аввал табибон ба бемор истифодаи дурусти регидронро бо иловаи дигар доруҳо тавсия медиҳанд, ки дар ин ҳолат беморӣ ба зудӣ ё сабук мегузарад. Марҳилаи дуюм дар он аст, ки бемор оби бадани худро то ҳадде кам кардааст. Дар ин ҳолат табибон маслиҳат медиҳанд, ки додани регидрон ба ин гуна бемор зиёд карда шавад. Агар бемор ҳолаташ вазнин бошад онро дар беморхона таҳти назорат мегирад ва барои муолиҷа ба хона тавсия намедиҳад. Дар маҳилаи сеюм бемороне ҳастанд, ки ҳолати нохуш доранд. Зеро онҳо аз ҷониби оилаи худ ба худтабобаткунӣ машғул буданд. Ин гуна беморон ҳатман таҳти назорати ҷиддӣ гирифта мешаванд.
Бояд як нуктаро иброз дошт, ки додани регидрон қоидаҳои махсуси худро дорад. Барои ин худсарона ба истеъмоли дору машғул нашавед ва ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?






