Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ва мутобиқат бо Конститутсияи Тоҷикистон таҳия ва мавриди амал қарор дода мешаванд

Август 1, 2023 18:29

ДУШАНБЕ, 01.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳама санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар ҳудуди мамлакат мавриди амал қарор дода мешаванд, танҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» таҳия ва қабул шудаанд. Ҳамчунин бо мақсади тақвият додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳия ва омода намудани қонунҳо дастовардҳои илмӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ, таҷрибаи дигар кишварҳои пешрафта низ ба назар гирифта мешаванд, — чунин изҳор кард муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода дар нишасти матбуотӣ, ки нимаи дуюми имрӯз бо ҳузури хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотии мазкур Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли равон 4 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳия ва баррасии Марказ қарор гирифта, вобаста ба мутобиқнамоӣ ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда даҳ санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳлил ва ҷиҳати такмили он санадҳо 145 таклифи илмӣ пешниҳод шудааст. Илова бар ин 10 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 125 таклифи илмӣ рӯи кор омадаанд.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ, ошкорбаёнӣ, илмият, касбият ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ амалӣ мегардад.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2023 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд