«Анор» ба муштариён VoLTE ҳадя намуд

Август 2, 2023 12:33

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи инноватсияҳо – ба сӯйи оператори навтарини мобилӣ! «Анор» ба муштариёни VoLTE технологияеро пешниҳод намуд, ки бо ёрии он метавон ҳамзамон суҳбат намуд ва интернетро дар шабакаи 4G истифода намуд.

Технологияи VoiceoverLTE («садо дар шабакаи LTE») тасаввуротро дар бораи алоқа тағйир медиҳад. Акнун лозим намеояд, ки аз як намуд шабака ба шабакаи дигар гузаред: агар аксҳои фиристодаи дӯстонро дида, муҳокима намудан хоҳед, — ин корро бевосита ҳангоми суҳбат бо телефон анҷом диҳед! Аниқ кардан мехоҳед, ки ҳамсуҳбататон дар бораи кадом макон сухан мегӯяд? Суҳбатро қатъ накарда, танҳо онлайн-харитаи шаҳрро дар шабакаи 4G бикушоед!

Суҳбатҳо дар шабакаи 4G – ин боз як сифати нави садо аст. Бо VoLTE садо дар шакли HD мебарояд ва тоза мешавад, гӯё ки ҳамсуҳбати Шумо, ки садҳо километр аз Шумо дур аст, дар масофаи хеле наздик қарор дорад.

«Анор» – оператор на танҳо барои онҳое аст, ки алоқаро бо нархҳои дастрас интихоб менамоянд, балки инчунин барои онҳое аст, ки ҳамқадами замона мебошанд. Ин сифати нави алоқаи мобилӣ аст!

Роҳбари шуъбаи тиҷоратӣ Парвиз Ғаюрӣ мегӯяд, ки «VoLTE» –технологияи нав дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, «Анор» онро дар мамлакат дуюмин шуда, ба кор андохтааст. Барои амалашавии он манбаъҳои технологӣ ва мутахассисони сатҳи баланд зарур мебошанд. Лекин мо аз рӯзҳои аввал пеши худ мақсад гузоштаем, ки муштариёни «Анор» аз ҳама гуна имконияти беҳтарину пешрафтае, ки телекоми ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд, бархӯрдор буда тавонанд. Садои HD ва 4G-интернети босуръат – чунин омезиш ба соҳибони смартфонҳо танҳо эҳсосоти гуворо мебахшад!

АКС: «Анор»

Август 2, 2023 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе