АЗ ОВРИНГ ТО ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ва ё чӣ тавр бо талоши Сарвари давлат Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт

Август 26, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 26.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баромадан аз  бунбасти коммуникатсионӣ  яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати навини давлатдории тоҷикон гардид.  Ин ҳадаф  сохтмону таҷдиди  роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётро мутобиқ ба стандартҳои  байналмилалӣ фаро гирифт, ки амалишавии он  тадриҷан ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун бароварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил дод. Роҳ барои одамизод аз азал нақши тақдирсоз доштаасту хоҳад дошт. Беҳуда нест, ки аз вожаи роҳ мафҳумҳое сохта мешуданд, ки арзишҳои баланди ҳаётӣ доштанд. Мисоли роҳи умед, роҳи мурод, роҳи тақдир, роҳи наҷот, роҳи халосӣ… Хусусан дар сарзамини кӯҳсорони баланд ва ё дар дашту биёбонҳои саргуму касногузар мушкили роҳ ҳамеша мавҷуд буд. Яъне роҳ ҳамеша муҳим буд ва гоҳе аҳамияти тақдирсоз дошт ва ибораи роҳгум задану ба бероҳаҳо афтодан зуҳуроти муқаррарӣ буд. Аз ин рӯ бунёди роҳ дар таърихи мавҷудияти инсон ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Чунин ибрози назар намуд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Камол Насрулло ёддовар шуд, ки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 чунин баён дошта буданд:  «Барои таъмин намудани рафтуомади бе мамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои  мамлакат, инчунин раҳоӣ  бахшидани мамлакат аз бунбасти комммуникатсионӣ ва ба давлати  транзитӣ табдил додани он  59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи  24 миллиард   сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219  километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои мазкур мо  соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид  табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои  ҳамсоя ва дигар мамлакатҳои дуру  наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем».

Ба андешаи мавсуф, дар ҳамин таърихи начандон дури худамон, дар солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ дар мамлакати мо вожае бо номи «овринг» дар истеъмол буд, ки имрӯзҳо барои насли нав шояд ношинос намояд. Банда ҳатто солҳои 1976-1977 дар як сафари худ ба Бахдашон ин оврингҳоро ба чашми худ дида будам, ки дар тарафи муқобили сарҳад, дар он сӯи дарёи Панҷ хеле хуб намудор буданд. Овринг роҳе аст, ки дар танаи шахҳои баланди касногузар, дар он ҷое, ки аслан роҳ вуҷуд надорад, аз лоилоҷӣ барои гузаштан ба ҷониби дигар аз навдаву қамиш ва шоху барги дарахтон ба тариқи бастан сохта мешуд. Ин роҳҳои аз шоху навдаҳо сохташуда дар танаи шах овезону ларзон буданду ҳатто аз дидани онҳо тани касро  ларза фаро мегирифт. Аз чунин роҳи ларзони ҳавоӣ танҳо як нафар бо як хари бордор мегузашту халос. Борҳо шудааст, ки мусофирон ҳангоми гузаштан аз чунин роҳи фалокатбор канда шуда, бо хару бори худ ба коми ҷар рафтаанд. Гузаштан аз чунин роҳ қонуну қоидаҳои сахти худро дошт. Хосса, вақте ки дар ин пайроҳаи танги ҳавоӣ ду нафар ба ногаҳ рӯ ба рӯ меомаданд, илоҷи пас гаштан набуд, як нафар маҷбур буд аз баҳри бору хари худ барояду онро ба коми фано, яъне ба ҷар фиристад, то ки дигаре тавонад  бигзарад, вагарна ҳардуро марг интизор буд.

Чунин роҳҳо дар мавзеъҳои дигари Тоҷикистон низ вуҷуд доштанд, аз ҷумла дар Мастчоҳи кӯҳӣ, ки тасвири он дар шеъри устод Лоиқ «Ду масчоҳӣ дар овринг» омадааст. Ду масчоҳӣ дар овринг вақте бо хару бори худ рӯ ба рӯ меоянд, илоҷи дигаре намемонад, ба ҷуз он ки як нафар гузашт намояду хару бори худро ба коми фано, яъне ба дарё фиристад. Дар ин маврид ҳам қонуни мардигариву адолат нақш мебозид, яъне шахсе хару бори худро сарозер менамуд, ки қимати бораш камтар аз дигарӣ бошад.

Хушбахтона, имрӯз дар мамлакати мо аз он оврингҳо ному нишоне намондааст. Ин шоҳроҳҳои кушоду васею ҷавобгӯ ба талаботи  байналмилалиро дида, касе он оврингҳоро ҳатто ба ёд намеорад.

Мояи қаноатмандиву мамнуният аст, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегие қарор гирифтааст, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими  пешрафти мамлакат ҳисобида мешавад.  Бунёди роҳҳои  обод бо сатҳи баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз оғози давлатдории навини тоҷикон дар мадди аввали назари  давлату Ҳукумат меистод.

Аз соли 2000 лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ оид ба сохтмону таҷдиди  инфрасохтори  нақлиётӣ татбиқ шудаанд, ки роҳҳои автомобилгарди Мурғоб – Қулма, Шоҳон – Зиғар, Шкев – Зиғар, Душанбе – Қурғонтеппа – Данғара –Кӯлоб, Дӯстӣ-Панҷи поён, Душанбе – сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Чанак –сарҳади Узбекистон, Қурғонтеппа – Дӯстӣ, Душанбе –Данғара, Душанбе –Турсунзода – сарҳади Узбекистон, Айнӣ –Панҷакент –сарҳади Узбекистон, Рашт –Навобод, пулҳои болои дарёи Сурхоб (Рашт), дарёи Сурхсангов (Ванҷ), пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистон ва Афғонистонро дар бар мегиранд.

Имрӯзҳо  аҳолии мамлакат, хусусан он қисмати кӯҳистон, ки азоби бероҳиҳоро кашидаву ҳафтаҳо дар бероҳаҳо нигарон мемонданд,  бо муҳаббату миннатдорӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат сухан мегӯянд. Мавзеъҳои пурхатари роҳҳои пешина дар Девдараву Кабудҷар ва дигар манотиқро ба хотир оварда, мусофирон изҳори сипос менамоянд, ки акнун Девдара ба Гулдара табдил ёфтаасту он азобҳои ҷонкоҳ, ҳафтаҳои интизорӣ дар роҳҳо дар зери барфу борон ба афсона мубаддал шудаанд.

Як ҳамин далел, ки дар чанд моҳи фасли сармо қисматҳои шимолу ҷануби мамлакат аз ҳам ҷудо мегардиданду акнун бо ҳам тамоми сол  пайванди ногусастанӣ доранд, худ гувоҳи пирӯзии сиёсати созандагии Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллати мо мебошад.

Дар самти амалигардонии сиёсати созандагии Ҳукумати Тоҷикистон шуруъ аз соли 2000 Стратегияи махсуси рушди комплекси нақлиёт то соли 2025 қабул гардид, ки натиҷаи ин стратегия имрӯз баръало дида мешавад. Бунёди роҳҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба халқи мо имконият дод, ки ҳадафҳои нав ба нави стратегии худро амалӣ созад.

Ҳушбахтона, он ҳадафҳои баланди миллие, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон пайваста пешорӯи халқи заҳматпарвару ватандӯсти мо мегузоранд, Тоҷикистони азизи моро ба сӯи пирӯзиҳои миллӣ роҳнамоӣ менамоянд. Яке аз ин ҳадафҳои муҳим- саноатикунонии мамлакат аст, ки бо руҳбаландии хосса ва дили гарм, бо суръати ба назар намоён амалӣ мегардад. Бунёди корхонаҳои нави саноатии муҷаҳҳаз бо технологияҳои  навини замонавӣ сабаби рушди иқтисодии мамлакат ва  муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ, афзоиш бахшидан ба  истеҳсоли маҳсулоти ватании ба содирот пешбинишуда мегардад.

Вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ сабаби он гардид, ки мамлакати мо боз ҳам ободтару зеботар шуда, дар тамоми гӯшаҳои он аз корхонаҳои саноатӣ то марказҳои маъмуриву шифохонаву мактабҳои замонавӣ, марказҳои фарҳангиву варзишӣ, боғу гулгаштҳои сабзу хуррам сохта шуда,  ба сарзамини куҳанбунёди мо ҳусни тоза бахшиданд. Инҳо ҳама маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурусти ватандӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва  Пешвои миллат, ҳавои мусоиди сулҳу дӯстиву осоиштагиву амният, азму ҷазм ва муҳаббати халқи ватандӯсту заҳматкаш  муяссар шудаанд.  Комёбиву пирӯзиҳои даврони соҳибистиқлолиро наметавон бе муҳити сарҷамъӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии сокинони Тоҷикистон тасаввур намуд.

Нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллатро дар ин ҳама пешравиҳову пирӯзиҳо  наметавон нодида гирифт. Маҳз заҳмати пайвастаи ин инсони наҷиб, ҳомии сулҳу салоҳ, ватандӯсту раиятпарвар, кӯшишҳои пайвастаи шабонарӯзияшон ба манфиати халқу давлат роҳнамо ва гарави ҳама пирӯзиҳои миллии мо гардидааст.

Саҳмгузории наҷибонаи Пешвои миллати мо дар ҳалли масоили  гуногуни умумибашарӣ, таклифу пешниҳодҳои маъруфи  башардӯстонаашон ба аҳли башар, шахсияти хайрхоҳу сулҳҷӯ ва инсонпарвару башардӯст буданашон сабаби афзудани нуфузу эътибори давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи олам гардидааст. Яъне Пешвои миллати мо на фақат бунёдгузори роҳҳои воқеивии ободу зебои байналмилалӣ дар дохили мамлакат,  балки низ бунёгари роҳҳои дигари маҷозиву маънавӣ ва сиёсие мебошанд, ки барои ояндаи неки ҷаҳону замон ва башар хизмат хоҳанд намуд.

РОҲИ ҚИСМАТ

Роҳ…
Ман роҳам.

Роҳи таърихи пур аз дарду пур аз оҳам
Аз дили садсолаҳои миллату Меҳан…

Ҷони сахти ман басо дорад хабар
Аз ҳазорон овринги пурхатар…

Пешвоёни наҷиби миллати ман
Раҳ ба сӯи каҳкашоншо бурдаанд,
Раҳ ба сӯи бекаронҳо бурдаанд.

Аз хиёнатҳои қисмат борҳо
Роҳи ман печида дар бероҳаҳо,
Роҳи ман дармонда дар бунбастҳо…

Инак, аз бунбастҳои қисмати худ
Роҳи навро мекунам оғоз.

Инак, он роҳам, ки дар роҳам
Асрҳоро мекунам ҳамвор,
Қарнҳоро мекунам бедор.

Аз ниҳоди кӯҳи сангини ҳазоронсолаҳо
Меканам нақбе ба сӯи рӯшноӣ.
Инак, он роҳам, ки аз худ мебароям
Ҳамчунон дасти раҳоӣ…

Ин раҳи нав аз дили мо
То ҳама дилҳои дунё мебарад.
Ин раҳе, ки хайру некиву саховат
Сад таманно мебарад…

Роҳҳоро бастаам чун торҳо
Дар рубоби кӯҳсорон,
То наво бурда, наво орад.
Бар дари ҳар манзилу ҳар дил
Файзу эҳсону сафо орад.

Ин раҳе дар рӯи дастони кушоди халқ,
Ин раҳе дар тахтапушти мост,
Орзуи ҳафсаду ҳафтод пушти мост.

Некоин миллати ман!
Роҳи нав бар ҷониби худ,
ҷониби фардои рахшонат муборак!
Бозгашти ту ба асли худ,
Дар фурӯғи нури Раҳмонат муборак!
Дар фурӯғи орзуҳои дурахшонат муборак!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

Август 26, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд