35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд

Ноябрь 30, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  сохтмон, бунёд, навсозӣ ва таъмири 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуд. Аз ин шумора 12 ҳазору 66 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки ба 100,5 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 538 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 392 иншооти соҳаи тандурустӣ, 930 иншооти соҳаи маориф, 338 иншооти соҳаи варзиш, 129 иншооти соҳаи фарҳанг, 227 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 1607 иншооти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2045 иншооти қитъаи роҳ, 164 пул, беш аз 500 бинои истиқоматии баландошёна, 91 бинои маъмурӣ ва зиёда аз 5200 иншооти таъйиноти дигар бунёд ва навсозӣ карда шуд.

Дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  боз беш аз 3000 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар 7 соли охир дар вилояти Суғд 3,6 миллион метри мураббаъ манзил сохта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

 

Ноябрь 30, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд