Ҳазорон нафар пас аз боронҳои шадид дар Чили бе сарпаноҳ монданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар ҳалок ва ҳазорон нафари дигар аз сабаби обхезӣ ва ярч дар маркази Чили тахлия шуданд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Reuters.
Худи ҳамон рӯз ҳангоми дидани минтақаҳои осебдида тақрибан дар километри 250-уми самти ҷануби пойтахти Сантяго Президенти давлат Габриэл Борич вазъияти фавқулода эълон намуд.
Мувофиқи маълумоти Агентӣ оид ба бартараф намудани пайомадҳои офатҳои табиии Чили Senapred, беш аз 26 000 нафар чун пештара ба хизматрасонии асосӣ дастрасӣ надошта, тақрибан 34 000 нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Дар минтақаи зарардида, ки дар он ҷо асосан фермерон зиндагӣ менамоянд, тақрибан 38 000 нафар бе барқ мондаанд.
Мақомот аҳолиро даъват намуданд амрҳоро оид ба тахлия қатъиян иҷро намоянд, зеро бояд ба назар гирифт, ки қисмати калони минтақа зери хатари аз соҳилҳо баромадани дарёҳо қарор дорад.
Дар фасли зимистон ҳазорон нафар дар Чили бар асари гармии ғайримуқаррарӣ ва бориши пуриқтидор тайи даҳсолаҳои охир бе сарпаноҳ монданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






