Бар асари сӯхтори автобус дар Покистон 20 нафар ҳалок ва 15 нафар маҷруҳ шуданд

Август 21, 2023 11:52

ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бархӯрди автобуси мусофирбар ба мошини боркаш рӯзи якшанбе дар музофоти Ҳафизободи вилояти Панҷоби шарқи Покистон 20 нафар сӯхта, 15 нафар осеб дидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус намояндагони хадамоти наҷот ва тандурустӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи намояндагони хадамоти наҷот, садама субҳи барвақт дар шоҳроҳи Файсалобод Toll Plaza рух додааст.

Пас аз гирифтани маълумот наҷотдиҳандагон фавран ба ҷои ҳодиса расида, зарардидагонро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд, иттилоъ доданд дар хадамоти наҷот.

Мувофиқи маълумоти хадамоти наҷот, дар автобус тақрибан 40 мусофир ҳузур доштаанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, автобус аз шаҳри бандарии Қарочӣ, воқеъ дар ҷануби кишвар ба пойтахти Исломобод ҳаракат менамуд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 21, 2023 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад