Бар асари тӯфони «Лан» дар Ҷопон 49 нафар осеб дида, 90 ҳазор нафар бе барқ мондаанд
ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тӯфони «Лан», ки боиси ба амал омадани бориш ва вазидани боди шадид дар ҷазираи калонтарин ва сераҳолитарини Ҷопон – Хонсю гардид, 49 нафар осеб дидаанд. Тавре «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Kyodo хабар додааст.
Агентии обуҳавошиносӣ рӯзи чоршанбе дар бораи ба амал омадани борони шадид бо раъду барқ дар шарқи Ҷопон ҳушдор дод. Тӯфон қад-қади соҳили баҳри Ҷопон ҳаракат намуда, метавонад рӯзи панҷшанбе қисматҳои шарқӣ ва шимолии Ҷопонро фаро гирад.
Ҳаракати қатораҳои баландсуръат байни истгоҳҳои Токио ва Хаката бар асари боронҳои шадид дар қисми марказии Ҷопон манъ шуда, ҳаракати байни истгоҳҳои Нагоя ва Окаяма низ рӯзи сешанбе мавқуф гузошта шуд.
Мувофиқи иттилои Агентии мубориза бо сӯхтор ва офатҳои табиӣ, дар ҳашт музофоти давлат 49 нафар бар асари ҳавои номусоид осеб дидаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






