Бемории саратони шуш дар байни занони Белгия афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии саратони шуш, ки 1 август рост меояд, бунёди Белгия оид ба мубориза бо ин беморӣ даъват намудааст, ки ба мушкилоти тамокукашӣ дар байни занон таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Бунёди белгиягӣ оид ба мубориза бо саратон, ин бевосита бо афзоиши тамокукашӣ дар байни занон, ки тайи чанд соли охир дар ин давлати аврупоӣ мушоҳида мешавад, вобаста мебошад.
«Ғайр аз ин, табобати ин намуди беморӣ то ҳол мушкил буда, пешгӯии вазнин дорад», — ҳушдор медиҳад созмон.
Фаъолони Белгия дар бораи рақамҳои нав бонги изтироб мезананд.
«Тамоку сабаби 90%-и ин намудҳои саратон аст. Муҳим он аст, ки таблиғи пешгирӣ, дастгирии тамокукашон барои партофтани ин одати бад ва тарбияи насли бе тамоку идома дода шавад»,-хулоса намуданд дар Бунёди белгиягӣ оид ба мубориза бо саратон.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






