БОЗИҲОИ II ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. Варзишгарони тоҷик соҳиби 10 медал гардиданд

Август 12, 2023 10:32

ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус рӯзи сеюми мусобиқаи шиноварӣ идома дорад, хабар медиҳанд мухбирони АМИТ «Ховар» аз шаҳри Брест.

Дар ин шаҳр 133 шиновар аз 11 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ҷамъ омаданд.

Дар ин навъи бозӣ Тоҷикистонро 4 варзишгар муаррифӣ менамоянд.  Тавре ки мураббии дастаи шиноварии Тоҷикистон Раҳмат Мирзоев гуфт, мубориза барои ҷойҳои намоён имрӯз идома меёбад. «Рӯзи аввал варзишгарони мо- Билол Алиев, Усмон Салимов ва Богдан Гасиатулин дар сабки озод ба масофаи 100 метр рақобат намуданд. Дар рӯзи дуюм Богдан Гасиатулин дар  масофаи 400 ва 200 метр қувваозмоӣ намуд. Ҳарчанд ки дар ин мусобиқа шиноварони беҳтарин ҷамъ омадаанд, шиноварони мо низ натиҷаҳои хуб нишон дода истодаанд ва соҳиби ҷойҳои фахрӣ хоҳанд гашт»,-илова намуд мусоҳиби мо.

Мубориза барои ишғоли ҷойҳои намоён то 13 август идома ёфта, варзишгарон дар ин намуди бозӣ дар  маҷмуъ 32 медалро соҳиб мешаванд.

То имрӯз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар маҷмуъ 10 медал ба даст овардаанд.

Инчунин имрӯз дар Орша ду муштзани тоҷик, ки  ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта буданд,  бо рақибони худ барои ҷойҳои аввал мубориза мебаранд.

Лайло ТОИРӢ,
Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 12, 2023 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд