ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2023. «Истиқлол ва «Равшан» дар бозиҳои даври 17-уми Лигаи олӣ бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Август 14, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ба анҷом расиданд. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бар ҳарифонашон ғолиб ва соҳиби имтиёзҳои зарурӣ шуданд. Бозии дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  мусовӣ ба поён расид, хабар медиҳад  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

То анҷоми марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ як даври дигар боқӣ мондааст, ки пас аз он ҳайати иштирокчиёни ду гурӯҳи марҳилаи ниҳоӣ муайян мешавад. Аллакай дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  барои худ ҷойро дар гурӯҳи «А»-и марҳилаи ниҳоӣ кафолат доданд. Боз як иштирокчии гурӯҳи якум баъди даври 18-ум муайян мегардад.

Қобили тазаккур аст, ки  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  пас аз 17 даври мусобиқа ҳоло бо касби 36 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқот аст. Дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо 29 имтиёз дар зинаи 2-юм  ва  дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 28 имтиёз дар зинаи 3-юм мавқеъ гирифтаанд. Дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо 15 имтиёзӣ дар зинаҳои поёнии ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтаанд.

Бозиҳои даври 18-уми Лигаи олӣ:

17 август | 17:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

18 август | 17:00

«Куктош» – «Равшан»

19 август | 17:00

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

КМВА – «Эсхата»

«Файзканд» – «Ҳосилот»

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 14, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд