Чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ гардид

Август 8, 2023 17:17

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Турсунзода ба чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони  шаҳр  Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Ҷавоҳир Шодиеви 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри  мазкурдар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта, ки аз 1 то 7 август дар шаҳри Абузабии  Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, иштирок намуда, дар вазни 56 кг байни варзишгарони 46 давлати дунё унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.

Ҷавоҳир дар рақобатҳои чандрӯза рақибони худро аз давлатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон ва Қазоқистонро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ варзишгари украиниро мағлуб намуд ва сазовори медали тиллои чемпионати ҷаҳон гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

 

Август 8, 2023 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд