Дар арафаи соли нави хониш мактаби №141-и шаҳраки Шарораи Ҳисор аз таъмири асосӣ бароварда мешавад

Август 26, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз оғози соли нави таҳсил Фонди хайрияи «Музаффар» корҳои таъмири асосӣ ва бозсозии бинои муассисаи таҳсилоти умумии №141-и шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисорро ба анҷом мерасонад.

Мактаби мазкур  ҳанӯз соли 1990 сохта шуда,  дар солҳои аввал ҳамчун кўдакистон  истифода мешуд. Аз соли 2007 ба баъд ин бино ба мактаби ҳамагонӣ табдил дода шуд, ки дар он 640 хонанда таълиму тарбия мегиранд. Дар тӯли ин солҳо мактаб  боре ҳам таъмири асосӣ нашудааст, аз ин рӯ ба беҳтар шудани шароит барои таълиму тарбия ниёз дошт.

Фонди хайрияи «Музаффар» дар тӯли шаш моҳи соли равон мактабро аз таъмири асосӣ баровард. Синфхонаҳо, бинои мактаб ва майдонҳои атрофи он таъмири асосӣ карда шуда, утоқҳои дарсӣ  бо мебелу таҷҳизоти нав таъмин гардиданд. Дар синфхонаҳо  ба ҷойи бухориҳои оташӣ хатти марказгармӣ сохта шуд. Ба ҳимати хайрхоҳони фонд ҷойи фарши сементиро дар синфхонаҳо тахтафарш гирифт, ки барои саломатӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо хеле муҳим аст. Дар даромадгоҳи биноҳо зинаҳои панҷарадор сохта, дару тирезаҳо таъмиру бозсозӣ ва рангу бор шуданд.

Системаи таъмини барқ дар ҳама синфхонаҳо, хонаи муаллимон, китобхона ва ҳамаи биноҳои ёрирасон аз нав эҳё карда шуд. Дар таъмири ин даргоҳи илму маърифат беш аз 450 ҳазор сомонӣ ба масраф расид, ки ҳоло он ба макони дилкашу фараҳбахш табдил шудааст. Ҳамаи ин навсозиҳо дар оғози соли нави таҳсил шароити илмомӯзиро хеле беҳтар хоҳад кард.

Фонди хайрияи «Музаффар» аз соли 2017 10 адад мактабро  дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо мебел ва таҷҳизоти хушсифат, компютер таъмин карда шуда, корҳои таъмири нопурра, иваз кардани дару тиреза, рангу бори бино, барқарор кардани болопӯши бом ва корҳои дигарро ба анҷом расонидааст.

Дар маросими бозкушоии бинои нави МТМУ пас аз таъмири асосӣ, имсол низ 20 нафар хонандагон соҳиби ҷузвдон хоҳанд шуд.

АКС: Фонди хайрияи «Музаффар» 

Август 26, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд