Дар Ашт бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Тоҷикистон чун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб эътироф гардидааст. Дар ноҳияи Ашт бахшида ба иди касбии табибон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи бузург Абӯалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад. Умед аст, ки шогирдони ин нобиға ҳамарӯза ба хизмати халқ омода буда, баҳри беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ боз ҳам саъю кӯшиши бештар менамоянд. Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, ки сиёсати иҷтимоӣ, махсусан соҳаи тиб ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои табибон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Баъдан ба кормандони соҳаи тиб, ки фаъолияти назаррас доранд, аз тарафи Раиси ноҳия дар фазои тантанавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






