Дар Бадахшон бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои нави маъмурии Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки бинои мазкур бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ сохта шуда, шароиту имконияти муосири корӣ дорад.
Бинои нав дорои ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, хобгоҳу меҳмонхона буда, дар он барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилоят мутобиқ ба талаботи замон ва бо назардошти меъёрҳои хизматӣ бунёд шудааст.
Бо назардошти фароҳам овардани чунин шароити муосири хизматӣ ҳайати шахсии шуъба миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд






