Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе тантанаҳои рӯзи фарҳангии шаҳри Кӯлоб ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Кӯлоб дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳри Кӯлоб ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардид.
Сисас, ба сокинону меҳмонони пойтахт дар фазои тантанавӣ барномаи ҷолиби ҳунарии аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб пешниҳоди гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС аз манбаъҳои боз


















Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






