Дар Душанбе ҷаласаи васеи Шурои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон доир шуд

Август 12, 2023 09:02

ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шурои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор гардид, хабар медиҳад  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба федератсияи мазкур. 

Дар вохӯрӣ директорони Лигаи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали Тоҷикистон, Лигаи футболи бонувон, мудирони раёсатҳои доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои миллӣ, маркетинг, инчунин намояндагони федератсия дар вилоятҳо ва сармураббиёни дастаи мунтахаби олимпӣ (U-23) Мубин Эргашев ва дастаи  мунтахаби футзал Пайрав Воҳидов оид ба корҳои анҷомдода дар шаш моҳи соли равон ҳисобот доданд.

Дар доираи ҷаласа ҳамчунин бо мутахассиси 55-солаи итолиёвӣ Марко Раҷини қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин коршинос ба ҳайси мушовири техникӣ оид ба таълими Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Хотиррасон мешавем, ки  дар ҷаласаи васеи Шурои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар шакли муколамаи ошкоро баргузор шуд, иштирокчиён ҳамчунин нақшаҳои худро барои шашмоҳаи дуюми соли 2023 пешниҳод намуданд.

     АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 12, 2023 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад