Дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол» баргузор гардид

Август 12, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол», ки ба муваффақияту дастовардҳои футболи Тоҷикистон дар даҳ соли охир таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида шудааст, баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Филми ҳуҷҷатӣ бо ташаббуси бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва шабакаи телевизионии «Варзиш» омода шудааст.  Дар маросими нахустнамоиши филм роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин собиқадорон ва мухлисони футбол, футболбозон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар филми «Фасли навини футбол» аз муваффақиятҳои футболи тоҷик дар солҳои охир ёдовар шудааст. Дар он мусоҳибаҳои вижа аз президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, собиқадорони зиёди футболи тоҷик — Шариф Назаров, Муҳсин Муҳаммадиев, Игор Черевченко, роҳбарони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар, Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва ғайра истифода шудаанд.

АКС: Бошгоҳи футболи «Истиқлол» / АМИТ «Ховар»

Август 12, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад