Дар Душанбе оид ба рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Август 28, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 август бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори Институти физикаю техника Фарҳод Шокир хабар дод. 

Дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзуъҳои илмии «Модели математикии тавлиди мавҷҳои гармӣ дар диэлектрикҳо дар зери шуоъ бо нури ионҳои гармоникӣ», «Дастовардҳои соҳаи физикаи атмосфера дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии байналмилалӣ», «Амсиласозии математикии системаҳои квантӣ бо қимати баланди спин: функсияҳои коррелятсионии ҳолатҳои самтнок», «Коркарди дастгоҳҳо ва усулҳои нави таҳқиқот ва назорати равандҳои коҳишёбии геоматериалҳо ва массаҳои кӯҳӣ», «Таҷҳизоти инноватсионӣ барои назорати оперативӣ ва муайян кардани параметрҳои энергетикии трансформаторҳои барқӣ ва шиддатнокии энергияи агрегати кории дамкаш» маърузаҳо шунида шуданд.

Дар конференсия инчунин намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Самарқанди Узбекистон, Донишгоҳи Дубнаи Федератсияи Русия, Донишгоҳи Лусофони Португалия, Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёви Қазоқистон, Донишгоҳи таҳқиқоти агротехникии Қазоқистон ба номи С.Сейфуллин, Институти стандартизатсия ва метрологияи Қазоқистон, Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф.Иоффеи Академияи илмҳои Русия ва ғайра тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Беш аз 60 маводи илмӣ дар самтҳои физикаи назариявӣ, системаҳои динамикӣ; физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об; муҳитҳои конденсӣ, маводшиносӣ, нанотехнология ва маводи нав; масъалаҳои энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ; нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо; физикаи тиббӣ ва биологӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.

                      АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров

Август 28, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик