Дар филиалҳои «Амонатбонк» самтҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯриҳо бо кормандони бонк дар вилоят пайваста таъкид карда мешавад, ки мақсад ва вазифаҳои асосии амалисозии стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, ба рушди арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст.
Ба таъкиди иштирокчиёни вохӯриҳо воситаи асосии таъмини муборизаи ошкоро бар зидди коррупсия- ин тақвияти шаффофияти фаъолияти кормандони филиалҳо, инчунин таъмини дастрасӣ ба иттилоот, гузаронидани чорабиниҳо барои таъсиси фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия ва баланд бардоштани фаъолнокии кормандон дар мубориза бо коррупсия мебошад.
Вобаста ба тартиб ва дар амал иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои соли 2023 аз кормандони филиалҳои «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии бандҳои нақшаи мазкур мунтазам даъват ба амал оварда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






