Дар Ҳиндустон бар асари зарбаи раъду барқ 27 нафар ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як шабонарӯзи гузашта дар музофоти Банголаи Ғарбии Ҳиндустон бар асари раъду барқ 27 нафар ҳалок шуданд. Сабаби зуд-зуд ба амал омадани раъду барқ дар ҷануби Бангола тӯфонҳо ва намии баланд мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба The Times of India хабар додааст.
Тавре маълум гардид, теъдоди зиёди ҳалокшудагон ба он алоқаманд аст, ки ҳарчанд аз ҷониби хадамоти изтирорӣ дар бораи афзоиши хатар иттилоъ расида буд, аммо ҳангоми офати табиӣ мардум кори саҳроро идома додаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






