Дар Истанбул бар асари хушксолӣ захираи об тақрибан барои ду моҳ боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар обанборҳои шаҳри Истанбул захираи об тақрибан барои 61 рӯз боқӣ мондааст. Бо идома ёфтани хушксолӣ вазъият метавонад боз ҳам душвортар гардад. Дар ин хусус РИА «Новости» бо истинод ба шабакаҳои телевизионии NTV иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Идораи захираҳои об ва канализатсияи Истанбул (İSKİ), пуршавии обанборҳои шаҳри Туркия то 16 август 33,37 % — ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 289 миллион метри мукааб мебошад. Дар Истанбул захираи об барои 91 рӯз боқӣ мондааст, аммо бо назардошти он ки 25% он бухор мешавад, истеъмоли он танҳо барои 61 рӯз мерасад.
Обуҳавошиносон пешгӯӣ менамоянд, ки дар даҳ рӯзи оянда дар шаҳри Истанбул борон намеборад ва ҳарорати шаҳр аз 30 то 32 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Раиси шаҳр Экрем Имамоғлу шаҳрвандонро даъват намуд, ки бинобар ҳавои хушк обро сарфакорона истифода баранд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






