Дар Канада бар асари сӯхтори ҷангал 20 ҳазор аҳолии шаҳр ба ҷойҳои амн кӯчонида мешавад

Август 18, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷшанбе мақомоти Канада ба ҷойҳои амн кӯчонидани аҳолии шаҳри Йеллоунайфро бар асари сӯхтор, ки дар наздикии шаҳр аланга мезанад, эълон намуданд. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ БелТа иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Reuters хабар додааст.

Тавре агентии Reuters иттилоъ медиҳад, мавсими кунунии сӯхтор дар Канада тайи муддати тӯлонӣ бадтарин мебошад. Дар саросари мамлакат беш аз 1 ҳазор сӯхтори фаъол, аз ҷумла 265 адад дар қаламравҳои шимолу ғарбӣ рух додаанд. Коршиносон баён менамоянд, ки тағйирёбии иқлим мушкилоти сӯхтори ҷангалро шадидтар намуд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 18, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад