Дар Каталония бинобар хушксолӣ ҳолати фавқулода ҷорӣ менамоянд

Август 3, 2023 13:27

ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Каталония  тасмим гирифтаанд, ки бинобар хушксолӣ дар 24 шаҳрдорӣ ҳолати фавқулода эълон намоянд: онҳо дар он ҷойҳо истифодаи обро маҳдуд менамоянд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «БелТа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Associated Press хабар додааст.

Пур кардани ҳавзҳо ва фаввораҳои ҷамъиятӣ, инчунин об додани боғҳо манъ мешавад. Онҳо инчунин истифодаи оби тозаро барои шустани мошинҳо маҳдуд хоҳанд намуд.

Истифодаи об барои обёрӣ дар соҳаи кишоварзии минтақа 80% ва дар саноат 25% кам мешавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АИ «БелТа»

Август 3, 2023 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад