Дар минтақаи Кӯлоб 1037 килограмм маҳсулоти пастсифат нобуд гардид

Август 13, 2023 14:59

КӮЛОБ, 13.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб дар шаш моҳи аввали соли 2023 барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифат 1037 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот гирифта, бо иштироки комиссия ва кормандони воситаҳои ахбори омма нобуд намуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар 171 нуқтаи савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ 62 санҷиш бо иштироки кормандони мақомот гузаронида, барои риоя накардани қоидаи савдо нисбат ба 215 нафар соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд ва онҳо ба маблағи 54 ҳазору 128 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Инчунин дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ 250,5 кг, маҳсулоти гӯштӣ – 171 кг, хӯриш – 95 кг, маҳсулоти ширӣ – 32 кг, чой – 11 кг, намаки ошӣ – 77 кг, қайлаи помидор – 7 кг, ранг — 4 кг, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва машруботӣ 411,5 литр ва нӯшокии энергетикии «Горилла» 76,5 литр аз муомилот гирифта шуданд.

Ҳамчунин дар давраи мавриди назар аз тарафи кормандони шуъбаи санҷиш оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ бо дархости соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб дар фаъолияти 138 корхонаи истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуда, дар панҷ ҳолат 65000 кг намаки ғайристандартӣ дар корхонаҳои ҶДММ «Диловар — Н» 10000 кг, ҶДММ «Намакдон» 10000 кг, ҶДММ «Душанбе» 20000 кг ва ҶСК «Хоҷа Муъмин»-и ноҳияи Восеъ 25000 кг ошкор гардид.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ Ховар

Август 13, 2023 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад