Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ кишти такрории зироат идома дорад

Август 12, 2023 18:01

ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар​ 4449 гектар кишти такрории зироат ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 9 август дар 2700 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус  зимни шиносоии роҳбарияти  вилояти Суғд аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Тавре таъкид шуд, деҳқонони ҷамоати мазкур дар парвариши зироат таҷрибаи бой дошта, дар як сол се-чор маротиба ҳосил мегиранд.

То имрӯз кишоварзони ҷамоат дар 270 гектар кишти такрории зироат гузаронида, дар таъмини​ бозори дохилӣ бо маҳсулот саҳми назаррас гузошта истодаанд.​

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои ​ хоҷагидорӣ дар 7 моҳи соли 2023 ба 368 млн 851,7 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 109,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 101,1 фоизро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят нашъунамои зироати гуногунро дар деҳоти Деҳмой ва деҳоти Гулхона мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои истифодаи самараноки замин супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 12, 2023 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад