Дар ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр ифтитоҳ гардид

Август 18, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории иншооти муҳимро Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба зимма доштанд.

Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Майдони Парчами давлатӣ бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда зебу зиннат дода шудааст, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳусни тоза зам менамояд.

Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр бунёд гардида, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил медиҳад.

Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат дода, сокинони ноҳияро ба анҷом додани амалҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

Август 18, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд