Дар Панҷакент ниммарафони кушоди кӯҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин ниммарафони кушоди кӯҳӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр муқаррар шуда, барои иштирок дар он варзишгарон аз тамоми манотиқи мамлакат ва кишварҳои дигар- Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Чин, Ҳиндустон ва ғайраҳо даъват шудаанд.
Чорабинии варзишӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии «Сайри Бӯстон» доир карда мешавад.
Барои ғолибони ниммарафон аз 500 то 5000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ пешбинӣ гардидааст.
АКС: манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






