Дар шаҳри Душанбе Форуми III шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид

Август 18, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми III шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид. Форуми мазкур ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад.

Дар форуми мазкур роҳбарияти шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои соҳаи варзиш ва мураббиёну варзишгарон иштирок доштанд.

Дар форум вобаста ба дастовардҳои соҳаи варзиши мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта шуд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе ба соҳаи варзиш зиёд гардидааст. Ҳамин аст, ки маҷмааву толорҳои зиёди муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар рушди бештари соҳа заминаи хуб мегузорад.

Зимни форум тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим амалӣ гардида, тараққӣ додани соҳаи варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, зеро ҳар қадаре, ки наврасону ҷавонон солиму сиҳатманд бошанд, давлату миллат низ ҳамон андоза неруманду тавоно ва қудратманд мегардад.

Инчунин намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар панҷ соли охир дар пойтахт чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар шашмоҳаи аввали соли 2023  7 маротиба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар ин мусобиқаҳо 1303 нафар варзишгарон аз 127 давлати ҷаҳон ба пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе омаданд.

Ҳамзамон бо мақсади солимгардонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш аз соли 2017 инҷониб дар шаҳри Душанбе 312 майдончаи варзишӣ ва ҳамзамон шумораи зиёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва дигар инфрасохтори соҳаи варзиш ба истифода дода шудаанд. Ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Раиси шаҳри Душанбе нисбат ба насли ҷавону ояндасози миллат гувоҳӣ медиҳад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 18, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад