Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъалаҳои вобаста ба табъиз баррасӣ шуданд

Август 11, 2023 13:25

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон қарор дошта, масъалаҳои марбут ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро бо сохторҳои мухталифи Ҷумҳурии Лаҳистон баррасӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар медиҳад.

Ҳайати мазкур 8 август бо Директори Раёсати кишварҳои шарқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистонро дар самти ҳуқуқи инсон баррасӣ намуд.

9 август Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Лаҳистон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрии мазкур намояндаи Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта қабул гардид, изҳори назар  намуд.

Ҳамин тариқ, вохӯриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон то 13 август идома меёбанд. Дар назар аст, ки онҳо бо сохторҳои дигари Ҷумҳурии Лаҳистон дар самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон вохӯриҳо анҷом диҳанд.

АКС:  Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Август 11, 2023 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид