Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъалаҳои вобаста ба табъиз баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон қарор дошта, масъалаҳои марбут ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро бо сохторҳои мухталифи Ҷумҳурии Лаҳистон баррасӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар медиҳад.
Ҳайати мазкур 8 август бо Директори Раёсати кишварҳои шарқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистонро дар самти ҳуқуқи инсон баррасӣ намуд.
9 август Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Лаҳистон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрии мазкур намояндаи Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта қабул гардид, изҳори назар намуд.
Ҳамин тариқ, вохӯриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон то 13 август идома меёбанд. Дар назар аст, ки онҳо бо сохторҳои дигари Ҷумҳурии Лаҳистон дар самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон вохӯриҳо анҷом диҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






