Дар Шаҳринав «Корвони саломатӣ» ба сокинон хизмат мерасонад

Август 19, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба  сокинони Ҷамоати деҳоти Шаҳринав дар Маркази саломатии ноҳиявӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хизматрасонии ройгони тиббии «Корвони саломатӣ» ташкил  карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар додааст.

«Корвони саломатӣ», ки аз табибони беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳияи Шаҳринав иборат мебошад, тавассути таҷҳизоти замонавӣ -дастгоҳҳои фаросавтӣ, сабти барқии дил ва дигар воситаҳои техникӣ зиёда аз 600 муроҷиаткунандаро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо барои табобат ва муолиҷаи дуруст гирифтан тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Роҳбарияти ноҳия дар ин маърака зимни вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ иброз намуданд, ки ин ғамхориҳо дар партави ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи солимии ҳамаи мардуми ноҳия амалӣ мегардад.

Инчунин роҳбарияти ноҳия ба аёдати беморони барҷомондаву маъюбони бистарӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, аз саломатии онҳо бархурдор шуданд. Ин аз самтҳои асосӣ ва ҳадафҳои барномавии чорабинии марказонидашудаи «Корвони саломатӣ» маҳсуб мешавад.

«Корвони саломатӣ» тавассути мошини таблиғотии тиббӣ, ки дар он баландгӯякҳои замонавӣ насб  шудааст, дар маркази ноҳия кӯча ба кӯча ва маҳалла ба маҳалла гашта, сокинонро барои гузаштан аз ташхиси тиббии ройгон даъват менамояд.

Хизматрасонии тиббии ройгон тибқи нақша то 22 август амалӣ мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Август 19, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд